Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар Покистон 18 кушта бар ҷой гузошт


Дар Вазиристони шимолӣ, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, бар асари таркиш дасти кам 18 нафар кушта ва 15 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар постгоҳи полиси канори шаҳри Банну мунфаҷир кардааст. Аз ин таркиш ба як масҷид ҳам осеб расидааст.
Масъулияти ҳамларо толибони Покистон бар дӯш гирифтанд ва гуфтанд, ки он посух ба зарбаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ ба қароргоҳҳои мухолифини ҳукумат аст.
XS
SM
MD
LG