Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия экипажи ҳавопаймои президенти Полша ё худ Лаҳистонро масъули марги президент Качинский медонад.

Муфаттишони Русия эълон кардаанд, ки суқути ҳавопаймои президенти Полша ва ё Лаҳистон бо айби экипажи ҳавопаймои президентӣ сурат гирифтааст.

10-уми апрели соли гузашта аснои фуруд дар майдони ҳавоии шаҳри Смоленски Русия ҳавлпаймои президенти Полша ба замин бархӯрда, ҳаёти президент Лех Качинский ва 95 ҳамсафари ӯро аз байн бурд.

Дар ибтидо сарвазири Полша Доналд Туск ба ҳамкории мақомоти Русия дар тафтиши ҳодиса баҳои баланд дода буд, вале ҳоло ӯ мегӯяд, ки таҳқиқоти муфаттишони Русия саршор аз хато буда, ғайри қобили қабул аст.

Фуруди иҷбории ҳавопаймо

Муфаттишони Русия мегӯянд, экипажи ҳавопаймои президенти Полша ва ё Лаҳистон ба тамрин ниёз дошта, зери фишори фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии ин кишвар ба фуруд дар шароити бади обу ҳаво маҷбур шуда буд. Дар натиҷа ҳавопаймо ба замин бархӯрда, ҳаёти президенти ин кишвар Лех Качинский ва 95 ҳамсафари ӯро аз байн бурд.

Ин ҳодиса 10-уми апрели соли гузашта ба вуқӯъ пайваст. Качинский, ҳамсари ӯ ва 94 мақоми баландпояи Полша барои ширкат дар маросими ёдбуди куштори дастаҷамъии афсарони лаҳистонӣ озими Смоленск буданд. Моҳи парели соли 1940 хадамоти амниятии Иттиҳоди Шӯравӣ камаш 20 ҳазор афсари лаҳситониро дар минтақаи Катини Русия ба қатл расондаанд.

Раиси кумитаи байниҳукуматии ҳавоӣ Татяна Анодина дар шаҳри Маскав дар бораи сабабҳои суқути ҳавопаймо аз ҷумла гуфт: “Аснои ташкили ин парвози фавқулода муҳим, дар бахши омодагии халабонҳо, танзими экипаж, назорати омодагӣ ба парвоз ва интихоби фурудгоҳҳои эҳтиётӣ камбудиҳои ҷиддӣ мушоҳида шудаанд.”

Фишор ба халабонҳо

Муфаттишони Русия таъкид мекунанд, ки хадамоти русии раҳнамоии ҳавопаймо ба ягон хато роҳ надода, ба экипажи ҳавопаймои президентӣ дастур дод, ки дар фурудгоҳи дигар ба замин нишинад.

Ҳамчунин ба гуфти Анодина, ҳузури фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Полша дар дохили утоқи халабонҳо боис шуд, ки экипаж зери фишор ба фуруд ризоят диҳад. Ӯ афзуд, ки дар хуни фармондеҳи нерӯҳои ҳавоӣ миқдори зиёди машруботи алкоҳолӣ кашф шуд.

Анодина илова кард, ки дар баъзе лаҳзаҳои парвоз президент Качинский ҳам ба утоқи халабонҳо ворид шуда буд ва дар гуфтугӯи байниҳамдигарӣ як узви экипаж изҳор намуд, ки агар ҳавопаймо дар фурудгоҳи дигар ба замин нишинад, Качинский асабонӣ хоҳад шуд.

Рӯзи чоршанбе муфаттишони Русия таҳқиқи суқути ҳавопайморо ба анҷом расонида, натиҷаашро ба Полша тақдим карданд, вале моҳи декабр баъди дасрас намудани хулосаҳои аввалияи ин фоҷеа мақомоти Полша натиҷагирии Русияро танқид намуда, иброз доштаанд, ки он саршор аз саҳву хато мебошад. Ҳамин тариқ равобити Маскаву Варшава дубора сард гаштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG