Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии вазир аз афзоиши духтарони маҳрум аз таҳсил


Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон

Вазири маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, аз сифати таълиму тарбия дар мактабҳои Тоҷикистон ва зиёд шудани шумори духтарҳои маҳрум аз таҳсил нигарон аст.

Абдуҷаббор Раҳмонов зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, аз шурӯи соли нави таҳсил беш аз панҷуним ҳазор хонандагони мактабҳои миёна, ки аксарашон духтарҳо мебошанд, мактабро тарк кардаанд.

Ӯ афзуд: «Сабаби ин ҳолат дар бемасъулиятии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳо аст ва баъдан ҷамоатҳо, ки барои ҷалби ин хонандагон таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд».

Оқои Раҳмонов гуфт, ки дар бештари ҳолатҳо наврасон дар манотиқи дурдаст аз таълим дур мемонанд.

Тангдастии хонаводаҳо - сабаби аслӣ?

Аз назари ҷомеашиносон, аксари ин наврасон бо сабаби тангдастии хонаводаҳо аз таҳсил маҳрум мондаанд. Рӯ гардондани бархеи волидон аз таҳсили дунявии фарзандонашон низ сабаби дигари коҳиши шумори хонандагон дар мактабҳои кишвар ном бурда мешавад. Бархе аз ин наврасон ба таълими инфиродии мазҳабӣ ҷалб шудаанд.

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дин, мегӯяд, аксарияти духтарони аз мактабҳои миёна дур монда, зери таъсири муҳити хонаводаги қарор гирифтаанд ва танҳо гирифтани маълумоти инфиродии диниро зарур медонанду халос . Оқои Мухторов афзуд: «Як мулло то 100-150 наврасро аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ба таълими динӣ фаро мегирад, таълими дунёвиро зарур намедонанд».

Аммо Сафарбек Кабиров, таҳлилгари ҷавон, мегӯяд, мушкил танҳо дар минтақаҳои дурдаст нест, ҳатто дар пойтахт ҳам вазъ нигаронкунанда аст. Ӯ меафзояд, агар мо як қишри аъзами муҳоҷир агар дар хориҷ дошта бошем, акнун як қишри муздури дигар аз ҳисоби наврасон дар ватан дорем.

Ӯ афзуд: «Ин наврасон асосан танҳо дар тарбияи модаранд ва ё падарашон солҳост, ки дар Русия ба сар мебаранд. Бори зиндагӣ бар души онҳо афтидааст».

"Дар деҳа шароит ва мактаб надорем"


Ҳамсӯҳбати мо Гулбегим мебоист имсол дар синфи нуҳуми деҳаи Ҳоҷидараи Даштиҷум мехонд. Аммо аз сабаби он, ки дар хонаводаи онҳо таҳсили духтарро зарур намешуморанд ва афзун бар ин, мактаби духтарашон дар ҳолати садамавӣ қарор доштааст, Гулбегимро аз рафтан ба мактаб манъ карданд.

Ӯ мегӯяд: «Ман мехоҳам, ки ҳадди ақал ду соли дигар хонам, баъд ба ягон мактаби олӣ дохил шавам. Аммо дар деҳа шароит ва мактаб надорем».

Моҳсафар Набиева, ки се фарзанди мактабхон дорад, мегӯяд, аз панҷ фарзандаш танҳо се нафар дар мактаби миёна таҳсил мекунанд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатам, моҳонаи ӯ фақат барои таъмини таҳсили се фарзанди мактабхонаш мерасад.

Ҷаримабандии волидон

Соли 2009 вазорати маориф ба хотири ҷалби наврасон ба таҳсил ҷавобгарии «ҷаримавӣ»-ро ҷорӣ кард, ки бар пояи он беш аз 2 ҳазор хонанда ба мактаб ҷалб ва волидон то 3 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

Абдуҷаббор Раҳмонов мегӯяд, дар соҳаи маорифи Тоҷикистон мушкилот зиёд аст, аз ҷумла норасоии омӯзгорон, мавҷуд набудани мактабҳои миёна дар бархе аз манотиқи кӯҳистон, рӯ гардонидани омӯзгорони ҷавон аз ин касб дар минтақаҳо ва ғайра.

Вазорати маориф барои ҷалби дубораи наврасон ба таҳсил бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст. Тибқи як тарҳи нави ЮСАИД - оҷонси рушди ҳукумати Амрико мақомоти вазорати маориф барои дубора дилгарм кардани кӯдакон ба таҳсил талош мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG