Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ҳизбуллоҳ" эътилофи ҳокимро тарк мегӯяд


Дар Лубнон 11 вазир – аъзои гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”ва ҳампаймонҳои сиёсии онҳо мехоҳанд эътилофи ҳукмронро тарк намоянд. Ин иқдом бӯҳрони ҳукуматиро дар пай хоҳад дошт. Баъд аз нашри хабарҳо дар бораи даст доштани аъзои “Ҳизбуллоҳ” дар куштори сарвазири пешин Рафиқ Ҳарирӣ, авзоъ дар Лубнон торафт нооромтар мешавад. Ҳалокати Ҳаририро додгоҳи вижаи Созмони Милали Муттаҳид тафтиш мекунад.
Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”, ки аз сӯи Сурия ва Эрон пуштибонӣ меёбад, ҳама иттиҳомро рад мекунад ва аз нахуствазир Саъд Ҳарирӣ талаб дорад, ки натоиҷи тафтишоти додгоҳи вижаи СММ-ро такзиб намояд.
XS
SM
MD
LG