Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қарордод миёни Тоҷикистон ва Чин дар бораи вогузории қисмате аз қаламрави ин кишвар ба Чинро ба тасвиб расонд. Ин санад ба баҳси марзии миёни ин ду кишвар хотима ва низ ба масъалаи ташхис ва аломатгузории хати сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Чин нуқта гузоштааст.


Ҳамроҳхон Зарифӣ
Зарифӣ: "Дастоварди сиёсати хориҷии Тоҷикистон"

Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳангоми тавзеҳи ин санад ба вакилон изҳор дошт, ки мувофақаи марзӣ бо Чин яке аз дастовардҳои сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон дар замони истиқлол аст. Зеро ин баҳс ҳанӯз аз замони Русияи подшоҳӣ, сипас Иттиҳоди шӯравӣ ва ҳамакнун Тоҷикистони соҳибистиқлол идома дошта, дар таҳкими равобити дуҷониба бо Чин- аз кишварҳои пешрафта ва ҳамсояи муҳим, халал ворид мекард.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки Тоҷикистон ба фарқ аз бақия кишварҳои шӯравӣ аз ҷумла Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон, ки низ бо Чин баҳсҳои марзӣ доштанд, бо вогузории андаки қаламрав тавонист ин мушкилро ҳал кунад.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Чин бар асоси созишномае бо номи «Марғелони нав», ки бо Русия дар моҳи майи солҳои 1884 ба имзо расидааст, бозгардони беш аз 28 ҳазор километри мураббаъ дар вилояти Бадахшонро талаб мекард. Вале Тоҷикистон тавонист муваффақ шавад, ки бо додани наздики чаҳор дар сад аз минтақаи баҳсноки замин бо Чин, ин баҳсҳро барои ҳамеша аз байн бубарад.

Муҳиддин Кабирӣ
Кабирӣ: Далоил қавӣ бояду маънавӣ...

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз ҲНИТ далоил ва сабабҳои пешовардаи давлат барои вогузории як қисмат аз хоки кишвар ба Чинро ҷиддӣ ва қавӣ намеҳисобад. Оқои Кабирӣ гуфт, ки агар ки масоили таърихан ҳалношуда метавонист асос ва мадраки ҳуқуқӣ барои ҳалли чунин масоил мебуд, ҳоло мебоист бисёре аз қаламравҳои кишварҳо, ки ба кишвари дигар тааллуқ доранд, пас гардонида мешуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба унвони як кишвари мустақил наметавонад меросбари Русияи подшоҳӣ ва ё Иттифоқи шӯравӣ бошад. Зеро вақте кишвар истиқлоли худро эълон ва он аз сӯи СММ пазируфта шуд, бо он қаламраве шинохта шуд, ки дар ихтиёр дошт.

Поёни ихтилофи марзи миёни Тоҷикистон ва Чин

Созишномаи вогузории қисмате аз хоки Тоҷикистон ба ихтиёри давлати Чин дар соли 2002 миёни руасои ҷамоҳири ду кишвари Чин ва Тоҷикистон ба имзо расидааст. Ба таъйиди мақомоти Тоҷикистон, комиссиюни муштараки ду кишвар тавонистаанд, ки дар ин миён аломатгузорӣ дар хутути марзи ду кишварро анҷом диҳанд.

Зимнан бо нашри хабарҳо дар бораи вогузории қисмате аз қаламрави Тоҷикистон ба Чин миёни ҷомеа ва дар маҳофилу расонаҳо сарусадоҳо зиёд шуданд, ки давлат қисмате аз қаламравро фурӯхтааст. Аммо Шодӣ
Шодӣ Шабдолов
Шабдолов-вакил аз ҲКТ бо тамҷид аз гузориши вазири умури хориҷӣ гуфт, ки далели густариши ин овозаҳо набуди иттиллооти кофӣ ва махфӣ нигоҳ доштани воқеиятҳои баҳси марзӣ бо Чин буд.

Оқои Шабодов гуфт ҳамакнун, ки ин аснод мақоми собити ҳуқуқи касб кард мебояд барои мардум маълумот дода шавад. Аммо Ҳамроҳхон Зарифӣ- вазири умури хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки зарурат барои бозтоби густардаи ин масоилро намебинад. Бо ин ҳама, саволи Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз ҲНИТ дар бораи онки Қонуни асосӣ тамомияти арзии кишварро замонат медиҳад, вале чаро ин масъалаи констиутсионӣ ба чунин шева ҳал шуд, бепосух боқӣ монд.

Чанд сол пеш Қирғизистон ҳам як порча заминашро ба Чин тақдим карда буд. Ба қавли коршиносон, ин иқдом боиси бӯҳрони амиқи сиёсӣ гардида, яке аз зарбаҳои ҷиддӣ ба раёсатҷумҳурии собиқ президенти Қирғизистон Аскар Оқоев будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG