Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия сабабҳои суқути ТУ-154-ро эълон кард


Ҳавопаймои ТУ-154, ки дар он раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинскӣ ва сиёсатмадорону донишмандони кишвар ҳузур доштанд, бар асари сарпечии сарнишинҳо аз нишастан дар фурудгоҳи эҳтиётӣ суқут кардааст. Татяна Анодина, раиси Кумитаи байнидавлатии ҳавопаймоии Русия, имрӯз ба хабарнигорон гуфт, сарнишинҳои ҳавопаймо бо вуҷуди ҳушдори хадамоти фурудгоҳи шаҳри Смоленск дар бораи маҳз дар ин ҷо шинондани ТУ-154 тасмим гирифтаанд. Ӯ афзуд, ки сарнишинҳо таҷрибаи кофии дар ҳавои абрӣ шинондани ҳавопайморо ҳам надоштанд.
Ба гуфтаи Татяна Анодина, Кумитаи байнидавлатии ҳавопаймоии Русия тафтишро анҷом додааст ва “қуттиҳои сиёҳ” ҳамроҳ бо пораҳои ҳавопаймои суқуткарда дар ихтиёри Лаҳистон гузошта мешавад.
10 апрели соли гузашта бар асари суқути ҳавопаймои ТУ-154 раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинскӣ, хонуми ӯ Мария ва теъдоди бузурги сиёсатмадорону донишмандони кишвар ба ҳалокат расиданд.Онҳо бояд дар маросими ёдбуди лаҳистониҳое ширкат мекарданд, ки замони шӯравӣ дар мавзеъи Катин кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG