Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти «Истиқлол» дар бозии саввуми санҷишӣ дар Қазон


Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми Иттиҳод-2011 дар шаҳри Қазони Тотористон дар бозии саввуми санҷишӣ аз тими «Рубин-2» бо ҳисоби 1:3 мағлуб гардид.

Ин бозӣ 11-уми январ дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ баргузор шуд. Пас аз он, ки мизбонон ба дарвозаи меҳмонон ду гол заданд, Юсуф Рабиев, капитани «Истиқлол», дар дақиқаи 46-ум аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро тағйир дод. Вале баъдан мизбонон голи саввумро ба мисли голи аввал аз пенолти ба самар расонда, бозиро ба фоидаи худ анҷом доданд.

Ҳайати дастаи «Истиқлол» дар ин бозӣ чунин буд: Алишер Тӯйчиев (Фарҳод Юлдошев, 60), Умед Ҳабибуллоев (Акмал Сабуров, 46), Соҳиб Сувонқулов (Сергей Абрамов, 46), Даврон Эргашев, Эраҷ Раҷабов (Одил Эргашев, 46), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Маҳмадалӣ Содиқов (Иброҳим Рабимов, 46), Нуриддин Давронов (Абдураҳим Холов, 61), Фатҳулло Фатҳуллоев (Дилшод Восиев, 22), Юсуф Рабиев (Комил Саидов, 55), Фарҳод Тоҳиров.

Ба иттилои Олимҷон Рафиков, сармураббии дастаи «Истиқлол», футболбозони тоҷик пас аз як пирӯзӣ ва ду бохт дар бозиҳои санҷишӣ бо тимҳои ҷавонону захиравии «Рубин»-и Қазон 14-уми январ ба шаҳри Санкт-Петербург, ки дар ин ҷо аз 15-ум то 23-юми январ мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад, сафар мекунанд.

«Истиқлол» дар гурӯҳи «А» бо «Интер»-и Озарбойҷон, «Искра-Стал»-и Молдова ва «Нефтчӣ»-и Қирғизистон рақобат хоҳад кард. Нахустин бозии «Истиқлол» 15-уми январ бо тими «Искра-Стал»-и Молдова баргузор хоҳад шуд.

Мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2011 бо ширкати 16 даста дар чаҳор гурӯҳ сурат мегирад. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ барои ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ, ки 19-уми январ доир мешавад, ҳуқуқ пайдо хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG