Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи тафтишоти суқути ТУ-154 ба Варшава фиристода шуд


Русия ҳисоботи ниҳоӣ дар бораи натоиҷи тафтишоти суқути ҳавопаймои ТУ-154 дар канори шаҳри Смоленскро ба Лаҳистон фиристод. 10 апрели соли гузашта бар асари ин фоҷиа раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинскӣ ва теъдоди бузурги сиёсатмадорону донишмандони кишвар ба ҳалокат расиданд.
Дар хабари сомонаи интернетии Кумитаи байнидавлатии ҳавопаймоӣ гуфта шудааст, ки ҳисоботи ниҳоӣ тавассути сафорати Лаҳистон дар Маскав ба Варшава фиристода шудааст.
Қарор аст, ки имрӯз раиси ин кумита Татяна Анодина ва раиси комиссиюни техникии он Алексей Морозов ҳисоботи ниҳоиро барои хабарнигорон ташреҳ кунанд.
XS
SM
MD
LG