Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси марзӣ бо Чин хотима хоҳад ёфт?


Мавзӯъи тасвиби протокол миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин ид ба аломатгузорӣ дар марзҳои давлатии ду кишвар боиси баҳси доманадор дар Маҷлиси намояндагон гардид. Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, зимни муаррифии ин санад изҳор намуд, ки тасвиби протокол ҳодисаи муҳими сиёсист ва ба таҳкими равобити Тоҷикистон бо Чин мусоидат хоҳад кард. Ӯ афзуд, ки баҳси марзӣ миёни Русияи подшоҳӣ, баъдан Иттиҳоди Шӯравӣ ва ахиран Тоҷикистони мустақил бо Чин аз нимаи дуввуми қарни 19 ба ин сӯ идома дорад. Қаламрави баҳсталаб, ба гуфтаи вазир, 28,5 ҳазор километри мураббаъи хоки Тоҷикистон ваё 20 дар сад хоки кишварро ташкил медод. Зарифӣ афзуд, ки баъд аз имзои протокол тақрибан як ҳазор километри мураббаъ ё 3 дар сади қаламрави Тоҷикистон ба ихтиёри Чин мегузарад ва ин “пирӯзии дипломатияи тоҷик аст”.
Ва аммо раиси Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, баръакс, ин санадро чун “шикасти дипломатияи тоҷик” арзёбӣ намуд ва афзуд, тасвиби протокол мухолифи банди 7-уми Қонуни асосии Тоҷикистон аст, ки дар он ягонагӣ ва ҷудоинопазирии қаламрави кишвар таъкид шудааст. Раиси Ҳизби коммунист Шодӣ Шабдолов даъват кард, ки баҳси марзӣ бо Чин ба наслҳои оянда мерос гузошта нашавад.
XS
SM
MD
LG