Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми эъдом дар Иллинойс лағв мешавад


Сенати аёлати Иллинойси Амрико аз лағви ҳукми эъдом пуштибонӣ кард. Ҳафтаи гузашта ин санад аз сӯи Маҷлиси намояндагони аёлат ҳам пазируфта шуда буд. Акнун бояд зери он волии Иллинойс Рэт Куинн имзо гузорад.
Ҳукми эъдом дар аёлати Иллинойс аз соли 2000 ба ин сӯ, аз замони барои ин ҳукм мораторий эълон кардани волии пешин Ҷорҷ Райан кор гирифта намешавад. Тасмим дар ин бора баъд аз он гирифта шуда буд, ки бар пояи як пажуҳиш 20 ҳодисаи эъломи афроди бегуноҳ ошкор гардид.
Айни ҳол ҳукми эъдом дар 15 аёлат ва минтақаи федеролии Колумбия манъ шудааст. Бори ахир соли 2009 аёлати Ню-Мексико аз ин навъи муҷозот даст бардошта буд.
XS
SM
MD
LG