Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон масъулияти таркиш дар Кобулро бар дӯш гирифтанд


Масъулияти таркиш дар Кобулро, ки бар асари он дасти кам чаҳор нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд, ҷунбиши “Толибон” бар ӯҳда гирифт. Дар ин бора ахиран Забеҳулло Муҷоҳид, намояндаи ин ҷунбиш, изҳорот пахш кард. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай таркишро шадидан маҳкум намуд. Ба иттилоъи вазорати умури дохилии Афғонистон, як маргталаби савори мотосикл худро дар канори автобус бо кормандони хадамоти амниятӣ мунфаҷир кардааст.
Сатҳи хушунат дар Кобул назар ба дигар манотиқи Афғонистон пойинтар аст. Чораҳои иловагии ҷилагвирӣ аз ҳамлаҳои интиҳорӣ дар шаҳр қабл аз интихоботи парлумонии соли сентябр ба роҳ монда шуда буданд.
XS
SM
MD
LG