Пайвандҳои дастрасӣ

Хабаргузории «Авесто» аз болои ширкатҳои «Сомон эйр», «Вавилон-М», «Барқи тоҷик» ва «Воҳиди махсус» -и ВКД ба додгоҳ шикоят намуда ва гуфтааст ин муассисаҳо аз додани посух ба номаҳои расмии хабаргузорӣ сарфи назар кардаанд. Аммо бархе аз ин муассисаҳо чунин даъворо беасос медонанд.

Дар ин номаҳо роҷеъ ба чӣ мавзӯъҳое аз раҳбарони муассисаҳои номбурда суол шудааст, ки онҳо нахостаанд посух бигӯянд?

Зафар Абдуллоев, раиси хабаргузории "Авесто" мегӯяд: «Ба сурати мисол, мо аз «Воҳиди махсус» пурсида будем, ки кормандони ин ниҳод дар кадом қаламрав ҳаққи фаъолиятро доранд, чаро онҳо айни вазифаҳои бозрасии давлатии автомобилиро такрор мекунанд. Ҳамчунин аз раҳбари ин воҳид пурсида будем, ки чӣ моликияте дорад, назири амволи манқул ва ғайри манқул. Аз «Сомон эйр» пурсида будем, ки оё дарвоқеъ дуруст аст, ки муассисони он дар минтақаи офшори Вирҷиния ҳастанд? Ва чӣ робите ҳам бо «Талко менеҷмент» доранд? Ва аз кадом сарчашма 180 миллион доллар барои харидории «Боинг» дарёфт мекунанд? Суолҳое ҳам, ки аз ширкати «Вавилон» доштем ба мушкили сайтҳои интернетӣ дар тирамоҳи гузашта, инчунин ба ҳодисаи қатъи робитаи телефонӣ бо минтақаи Рашт вобаста буд. Ва аз ширкати «Барқи тоҷик» низ роҷеъ ба фаъолияти ин корхона ва қарзҳои он, инчунин робитаи он бо сохторҳои молии дигар ва "Талко" пурсида мешуд, ки мутаасифона посух дарёфт накардем.»

Аммо мақомоти ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд чунин даъвое асос надорад, зеро масъулини «Барқи тоҷик» ба дархости хабаргузории «Авесто» посух додаанд.

"Барқи Тоҷик" : Даъво асос надорад

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи Барқи тоҷик мегӯяд: «Мактуби "Факти и коментарии» охири моҳи октябр ба «Барқи тоҷик» ворид шудааст. Дар мактуб гуфт нашудааст, ки то кадом вақт бояд посух гуфта шавад. Аз сабаби он, ки посух гуфтан ба баъзе саволҳо, аз ҷумла масъалаи қарздорӣ вақти зиёдро талаб мекард, масъулини бахши иқтисодӣ онро баъди ҷамъбасти солона таҳия карданд ва равон намуданд».

Аммо Темур Бандишоев, сухангӯи ширкати ҳавопаймои «Сомон эйр» мегӯяд, ҳанӯз зуд аст, ки ин ширкат дар бораи чунин даъвое изҳори назар кунад.

Бандишоев мегӯяд: «Ҳеҷ гуна мактуб ва ҳеҷ гуна иттилоъе аз нашрияи «ФК» ва "Авесто" дарёфт накардем. Ҳамчунин ҳеҷ навъ маълумотнома ва ё даъватномае низ ширкати «Сомон эйр» аз додгоҳ нагирифтааст. Ба ин далел, ҳар гуна изҳори назар дар ин бора пеш аз вақт аст».

Дар воқеъ дастрасӣ ба иттилоот яке аз мушкилоти аслии матбуоти имрӯзи Тоҷикистон аст, ки масъулини расонаҳо мегӯянд, бо паймудани пайроҳаҳои қонунӣ, аз ҷумла муроҷиъат ба додгоҳ, шояд ҳамкорӣ бо расонаҳо ба ҷузъе аз фарҳанги масъулин табдил шавад.

Барои авалин бор аст, ки идораи як расонаи хабарӣ дар Тоҷикистон барои риоя нашудани ҳаққи дастрасӣ ба иттилоот ва махсусан муқаррароти Қонуни матбуот аз болои муассисаҳо ба додгоҳ муроҷиъат мекунад. Агарчанд маълум нест, ки қарори додгоҳ дар ин маврид чӣ гуна хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG