Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳри Брисбейни Австралия ба оғӯши селоб меравад


Сокинони Брисбейн-севвуми шаҳри бузурги Австралия хонаҳои худро тарк мекунанд, зеро сатҳи селоб дар ин шаҳр боло рафтааст. Шаҳрдори Брисбейн гуфтааст, шумораи хонаҳое, ки ба эҳтимоли зиёд аз ин селобҳо осеб мебинанд, ба 20 000 адад расидааст ва 45 000 нафар зарар мебинанд. Бино ба гузоришҳо, 90 нафар сокинони шаҳр бедарак шудаанд. Хонум Ҷулия Ҷиллард-нахуствазири Австралия аз маҳали офат боздид ва аз пайомадҳои офат ба зиндагии мардум ва ҷои кор изҳори нигаронӣ кард.
XS
SM
MD
LG