Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салимзода:Расидагӣ ба парвандаи Охунов идома меёбад


Шерхон Салимзода-додситони кулли Тоҷикистон гуфт, расидагӣ ба парвандаи ҷиноии Ҷӯрабек Охунов-раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" идома хоҳад ёфт. Ба гуфтаи вай, бар зидди Охунов барои фиребу тақаллуб парванда боз шудааст. Ширкати "Мовароуннаҳр" бузургтарин ширкати сохтмонии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ширкат ҳоло аз бонкҳо 13 миллион ва аз муштариёни худ бештар аз 2,5 миллион сомонӣ қарздор аст. Ба гуфтаи додситонӣ, ҳоло бештар аз 500 нафар аз ин ширкат худро фиребдида эҳсос мекунанд ва интизори хона аз ин ширкат мебошанд.
XS
SM
MD
LG