Пайвандҳои дастрасӣ

Соли 2010 дар Тоҷикистон ҷинояткорӣ афзоиш ёфтааст


Бино ба хабари "Азия-Плюс", дар Тоҷикистон дар давоми соли 2010 ҷинояткорӣ афзоиш ёфтааст. Масалан, 14 542 ҷиноят сабти ном шудааст, дар ҳоле ки дар соли 2009 12 408 ҷиноятро сабт карда будаанд. Шерхон Салимзода-додситони кулли Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар соли 2010 аз ин миқдор ҷиноят 155 куштор содир шудааст. 72 мавриди таҷовуз ба номусро сабти ном кардаанд. Дар ин миён чанд намуна аз боздошти ришваситонӣ аз ҷониби кормандони додситонӣ низ вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG