Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллатгароёни мусаллаҳи украин боздошт шуданд


Мақомоти расмии Украина мегӯянд, ки дар ғарби ин кишвар 9 нафар аъзои "Тризуб" -созмони миллатгаро боздошт шудаанд. Кормандони вазорати дохилаи ин кишвар дар вилояти Иваново-Франковск гуфтаанд, аъзои "Тризуб" аз вилоятҳои дигар мусаллаҳ ба ин минтақа омадаанд ва боздошт шудаанд. Пулис аз онҳо мусалсали АК-47, чанд корд, ду норинҷак, ду силоҳи шикорӣ ва соири муҳимот мусодира кардааст. Тризуб самбули қадимии украиниҳо аз қарни 10 аз замони шоҳзода Володимир боқӣ мондааст. Онро дар ҳар ҷо метавон мушоҳида кард, ҳатто дар пули миллии Украина.
XS
SM
MD
LG