Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркманистон ваъдаи интиқоли газ ба Аврупоро кард


Туркманистон-кишвари дорои захоири ғании газ гуфтааст, барои таъмини кишварҳои Аврупоӣ бо газ талошҳои худро бештар хоҳад кард. Дар остонаи боздиди Хосе Мануел Бароссо-раиси кумиссиюни Аврупо дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз Туркманистон дар ин бора Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон изҳори ақида кард ва вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар дар эъломияе ин суханонро мушташир сохт. Вале то ҳол рӯшан нашудааст, ки дар бораи эҳдоси лулаи газ тавассути бистари дарёи Хазар аз Туркманистон ба Озарбойҷон ва аз он ҷо ба Аврупо пешрафте ба даст омадааст ё хайр.
XS
SM
MD
LG