Пайвандҳои дастрасӣ

Интизор меравад, ҳафтаи оянда ҷаласаи васеъи ҳукумати Тоҷикистон баргузор шавад, ки дар он натиҷаи кори ҳукумат дар соли гузаштаи 2010 ва ҳамчунин ҳосили кори раҳбарони вазорату ниҳодҳои давлатӣ баррасӣ мешавад.

Ин ҷаласаҳоро умдатан пас аз таҳрири навор ва дар ҳолатҳои истисноӣ бидуни таҳрир аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш мешаванд. Дар баъзе наворҳо рӯшан ба назар мерасад, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон вазирону баъзе мансабдорони баланпояро шадидан сарзаниш мекунад. Пахши ин порча аз тариқи телевизион ба маъноест, ки мақоми мавриди сарзаниш курсии мансабро аз даст медиҳад.

Тағйироти кадрӣ, ки дар ибтидои ҳар сол ҷараён мегирад, ба як суннат табдил шудааст. Ин шабу рӯз мақомоти идораҳои давлатӣ хеле гирифторанд. Ба чанд хоҳиши сӯҳбати радиоӣ бо мақомот мо танаҳо як посух гирифтем: "раис банд аст... баъди ҷаласаи ҳукумат занг занед". Радиои Озодӣ ин суннати ҳарсола ва омилҳову самари онро бо ҳамтои мо аз нашрияи Азия Плюс Олга Тутубалина дар миён гузошт. Нахуст аз хонум Тутубалина пурсидем, ки оё ба ин омодагиҳову ҳаяҷонҳои ҷаласаи солонаи ҳукумат чӣ назар дорад.

Хонум Тутубалина гуфт: “Ба андешаи ман шарт нест, ки ҳар сол раҳбарони вазорату идораҳоро тағйир дода шаванд, магар ин ки онҷо кори хубе накарданд ва ё натавонистанд мушкилеро, рафъ кунанд. Албатта дар ин ҳол бояд кадрҳо иваз шаванд. Зимнан ин корро бояд дар баъзе аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон кайҳо мекарданд. Ба андешаи ман ҳар сол амалӣ кардани тағйироти кадрӣ зарур нест, аммо дар робита ба тағйирот дар раҳбарияти навоҳӣ бояд бо эҳтиёт амал кард, зеро дар Тоҷикистон "хешутаборбозӣ" бисёр авҷ гирифтааст ва агар раиси ноҳияе дер боз дар мақомаш бимонад, хешу наздиконашро дар атрофаш ҷамъ мекунад, ки ин метавонад ба кори ӯ таъсири бад гузорад. Ва мо дар амал шоҳиди ин тамоюл будаем”.

Суол: -Пас чаро ҳар сол дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат мегирад?

Ҷавоб: Як омили аслӣ, тағйироти кадрӣ дар ниҳодҳои алоҳида, норасоии шадиди мутахассисон дар тамоми арсаҳост, чӣ иқтисодӣ чи энергетика ва ё ҷойи дигар. Норасоии кадр дар тамоми арсаҳо мушоҳида мешавад ва худи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар ин бора чандин бор гуфтааст. Яъне то ҳол дефитсити кадрҳо вуҷуд надорад, аз ин рӯ мо ноилоҷ ҷойи кадрҳоро иваз мекунем. Яъне як мутахассиси начандон хубро бо дигараш иваз мекунем, бо умеди онки аз байни бадтаринҳо, хубтарашро пайдо намоем.

Суол: -Ба назари шумо иллати камбуди кадҳо дар чист? Оё дар Тоҷикистони 7 миллионнафарӣ кадрҳои ботаҷрибаву соҳибихтисос нестанд?

Ҷавоб: Воқеан мутахассисони соҳибтаҷрибаи мо аз кишвар мераванд. Мутаасифона мо дар мавриди тарки Тоҷикистон кардани кадрҳои ботаҷрибаву соҳибихтисос оморе надорем, вале теъдоди онҳо кам нест. Дуввум одамоне ҳастанд, ки барои кор ба мақомоти давлатӣ намераванд, инро бояд ба инобат гирифт. Саввум дар воқеъ мо кадрҳои кофӣ надорем, дасти кам дар арсаи энергетика мо кадрҳои кофии соҳибихтисос надорем, аммо шояд дар арсаҳои дигар бошанд.

Суол: -Воқеан агар дар арсаҳои дигар кадрҳои соҳибихтисос бошанд, пас чаро масалан дар вазоратҳои Тоҷикистон ҳастанд афроде, ки ба таври тулонӣ дар курсии мансаб менишинанд ва бо вуҷуди кӯтаҳиву норасоӣ касе онҳоро аз ҷояшон такон намедиҳад? Ё онро бо сарзанишу ҷанҷол барканор мекунанд ва ба истилоҳ бо таъйин ба мақоми поёнтар танбеҳ медиҳанд.

Ҷавоб: -Барои чӣ. Мо ҳам мехостем инро бидонем. Намунаи барҷастаи он Шарифхон Самиев, раиси собиқи “Барқи Тоҷик”, ки раиси ҷумҳур ӯро воқеан аз кор ронд, баъдан мудири нерӯгоҳи “Норак” таъйин кард ва сипас ба Қӯрғонтеппа фиристод. Маълум нест, ки чаро чунин кадри ба истилоҳ бадро нигаҳдоштанд. Инҷо шояд ду сабаб бошад, шояд бо назардошти камии кадрҳо онҳоро нигаҳ медоранд, то коре ки аз дасташон меояд барои кишвар кунанд ва дуввум ин афрод зоҳиран дар ҳама ҳолат ва ташаббусҳо раиси ҷумҳурро дастгирӣмекунанд, аз ин рӯ баъзе аз онҳо бо вуҷуди онки ҳеҷ кор намекунанд, дар мансабҳояшон мемонанд.

Суол: -Зимнан назарҳое ҳам мавҷуданд, ки дар Тоҷикистон интихоби кадр бар пояи ҳунару шоистагӣ нест. Бисёр вақт садоқат ба раҳбар ва ҳам ҷуғрофиё яке аз омилҳои муҳим дар таъйини кадрҳо дар Тоҷикистон аст. Шумо дар ин бора чӣ назар доред?

Ҷавоб: -Дар Тоҷикистон ҳамеша дидаем, ки раҳбарони бархе аз ноҳияву шаҳрҳоро бо назардошти ҷуърофиё, иртибот ва наздикиаш бо ҳукумат таъйин кардаанд. Табиист, ки омили садоқат ба раиси ҷумҳур, вафодор будани ӯ ба сиёсатҳои ҳукумат аз омилҳои таъйини кадрҳо будаанд.

Суол: -Ва дар ниҳоят, дар баъзе мавридҳо афроде ба мақоме таъйин мешаванд, ки аслан ба ҷомеа ошно нестанд, ҳатто Гугл ҳам номи онҳоро ба истилоҳ намедонад. меъёри интихоби ин нафарон кадом аст?

Ҷавоб: -Мутаасифона ба ин суол мо ҳам ҷавобе надорем, ҳамаи мо мехостем бидонем, ки аз рӯи кадом меъёр раҳбарони ин ё он ниҳоди давлатиро интихоб мекунанд. Мо на танҳо доир ба кори онҳо чизе намедонем, балки ному насабашонро бори аввал мешунавем. Ба андешаи ман ин баёнгари ношаффоф будани сиёсати кадрии ҳукумати мост. Ҳатто кӯшиш ҳам намекунанд, ки шарҳ диҳанд, киро таъйин карданд ва чаро дигариро аз мақомаш гирифтанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG