Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Азми қавии Ишқобод ба таъмини гази Аврупо


Туркманистони саршор аз нафту наз гуфт, талошҳояш ба манзури таъмини Аврупо бо гази табииро густариш хоҳад дод. Ин ваъдаи раиси ин ҷумҳурӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар як баёнияи вазорати хориҷаи Туркманистон дар пешорӯи сафари раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Баррозо нашр шуд. Қарор аст, Баррозо дар поёни ҳафта аз Туркманистон боздид кунад. Дар мавриди тарҳи лӯлаи гази НАБУКО, ки мебоист конҳои гази Осиёи Марказиро бо Аврупо бипайвандад, ҳанӯз пешрафте ба назар намерасад, вале Бердимуҳаммадов таъсиси корхонаҳои тавлиди гази моеъро аз авлавиятҳои Ишқобод дар соли 2011 хондааст. Гази моеъро метавон тавассути киштӣ интиқол дод.
XS
SM
MD
LG