Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки монеаи аслӣ дар рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ин даст наёфтани тоҷирону соҳибкорон ба сармояҳои бонк ва анвоъи зиёди андозҳо аст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ давлати Тоҷикистон тасмим дорад, дар ин бахш ислоҳотеро пиёда кунад, ки як бахши он дар соли гузашта ба унвони «панҷараи воҳид» роҳандозӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол Андреа Далл Олио, як масъули Бонки Ҷаҳонӣ ба манзури рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон тавсеаҳои ин бонкро матраҳ карда ва хостори рафъи монеаҳо дар ин замина шудааст. Ҷаноби Далл Олио тавсиаҳои Бонки Ҷаҳониро дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе баён кард.

Бонки Ҷаҳони хостори тавсеаи бахши хусусӣ шуд

Бино ба гуфтаи Андреа Далл Олио, сариқтисоддони Бонки Ҷаҳонӣ, дар шароити феълӣ ҳудуди 50 дарсади ҳаҷми маҷмаи нохолиси дохилии Тоҷикистонро бахши хусусӣ ташкил медиҳад. Ва давлат то ҷое талош дорад барои тавсеаи бахши хусусӣ шароит фароҳам созад. Ба ин манзур низ ислоҳотеро низ анҷом доданист. Аз ҷумла роҳандозии комили раванди панҷараи воҳид ё ба истилоҳи русӣ «единое окно» дар номнавис кардани тиҷорат, дарёфти муҷаввиз барои содироту воридоти коло ва ғайра.

Ҷаноби Далл Олио гуфт, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди беҳтар кардани фаъолияти бахши хусусӣ ба давлати Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки дар системаи андозбандӣ ва гумрукӣ таҷдиди назари ҷиддӣ кунад.

Ҷаноби Далл Олио гуфт: «Тоҷикистонро зарур аст дар бораи барзиёдии навъҳои андозбандии худ фикр кунад ва дар қонуни андоз таҷдиди назар сурат бигирад. Зеро андозҳои зиёд боиси мураккаб шудани иҷрои Қонуни андоз ва хараҷу мараҷ шуда дар рушди бахши хусусӣ монеа эҷод мекунад. Хурсандиовар он аст, ки давлат тасмим дорад дар ин замина иқдом кунад».

Ҳамчунин ҷаноби Далл Олио мушкили дигари монеа дар тавсеаи бахши хусусиро робитаи зиёд надоштани бахши хусусӣ ба бонкҳо хонд ва гуфт: «мушкили аслии бахши хусусӣ дар Тоҷикистон даст наёфтан ба сармояи бонкҳо аст. Аз як сӯ бонкҳо ба далели риск ба бахши хусусӣ робитаи зарурӣ надоранд. Аз сӯи дигар бахши хусусӣ аз қарза ё фоизҳои хеле болои қарзи додаи бонкҳо ҳарос доранд. Давлати Тоҷикистонро зарур аст, ки дар ҳалли ин қазия иқдом кунад».

Ситоиши Бонки Ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон

Чанд моҳе қабл радиои Озодӣ бо ҷаноби Далл Олио сӯҳбати ихтисосие дошт дар мавриди тавсеаи бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ва ӯ гуфта буд, ки Тоҷикистон дар ин замина ба пешрафтҳое ноил шудааст. Хонандагони сомонаи Озодӣ дар ҷавоб ба гуфтаҳои ҷаноби Далл Олио мухолиф буданд ва навишта буданд, ки гуфтаҳои ҷаноби Далл Олио аз воқеъият дур аст. Ва дар бахши хусусӣ ҳеҷ пешравие дида намешавад. Зеро тиҷорат дар ҷумҳуриро гурӯҳҳои наздик ба мақомот контрол мекунанд ва дигарон дар бозори тиҷорат бидуни пуштибонии гурӯҳҳои наздик ба мақомот вориди ин бозор шуда наметавонанд.

Ҷаноби Далл Олио дар ин замина афзуд: «ба назари мо метавон гуфт, ки «панҷараи воҳид» фаъол аст ва кор мекунад. Ҳастанд мавридҳое, ки мушкил пеш меорад. Вале дар маҷмӯъ, фаъолияти онро нодида гирифтан мумкин нест. Ва бахши қобили мулоҳизаи мардум ин пешравиро эҳсос мекунанд. Аммо масъалаи дастарасии ҳамагон ба тиҷорат мавзӯест, ки бояд таҳқиқ шавад. Мо ҳам дар ҳамин фикр ҳастем».

"Вуҷуди фасод дар Бонки Ҷаҳонӣ"

Суоли дигар низ аз ироаи назари мардум ба ҷавобҳои ҷаноби Олио дар гуфтугӯ бо РО аст. Баъзеҳо навиштаанд, ки фасод дар миёни мақомоти Бонки Ҷаҳонӣ низ вуҷуд дорад. Барои мисол агар Бонки ҷаҳонӣ барои иҷрои барномае грант ироа кунад, кормандони он то 30 дарсади онро ба унвони нақди аз грантгиранда талаб мекунад.

Ҷаноби Олио дар посух гуфт: «Бонки Ҷаҳонӣ намегузорад, ки як бахши пули додаашро касе аз худ кунад. Дар ин маврид ба назари ман сӯитафоҳум сурат гирифтааст ва шояд мардум он қисми пулеро дар назар доранд, ки дар бархе аз маворид барои иҷрои барнома ихтисос шудаасту бонк онро масраф мекунад. Ман аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ мекунам. Зеро ба фаъолияти ман дар Бонки Ҷаҳонӣ робитае надорад».

Аз ҷаноби Далл Олио – сариқтисоддони Бонки Ҷаҳонӣ пурсидам, ки бо вуҷуди ин ҳама мушкилоту масъалаҳо, рушди бахши хусусӣ дар оянда дар Тоҷикистонро чи навъ тасаввур мекунед. Ҷаноби Далл Олио гуфт, ки Тоҷикистон тоза вориди бозори озоди иқтисод шудааст ва бо вуҷуди мушкилиҳои мавҷуд, ояндаи бахши хусусӣ дар ин ҷумҳуриро рӯшан мебинад. Зеро ба таъкиди ҷаноби Далл Олио, давлат низ дар ин ҷода талош дорад.

Тақозои раиси ҷумҳур аз мақомот

Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар иқтисодӣ ҷумҳурӣ ҳудуди 48 фоиз аст. Ва раиси ҷумҳур аз мақомоти давлат тақозо кардааст барои рушди беш аз 50 дарсадии бахши хусусӣ бахши хусусӣ дар иқтисоди ҷумҳурӣ талош кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон сангинӣ ва зиёдии навъҳои андоз, боиси ба варшикасташавии рӯбарӯ шудани корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ дар ҷумҳурӣ шудааст. Ва то имрӯз қарзҳои пардохтнашудаи корхонаҳои чӣ хусусӣ ва чи давлатӣ ба кумитаи андоз аз як миллирад сомонӣ убур кардааст. Ва бахши аъзами коршиносон дар чунин шароит рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон баид медонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG