Пайвандҳои дастрасӣ

Салимзода: Ҷасадҳои ҷангиёни Бедакӣ шиносоӣ нашуданд


Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ҷасадҳои аксари ҷангиёни дар Руноб кушташудаи Алии Бедакӣ аз ҷониби пайвандони онҳо шиносоӣ нашуданд ва ба ҳамин далел, аз ҷониби мақомот ба хок супурда хоҳанд шуд. Шерхон Салимзода, ки имрӯз дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, гуфт, чунин шароити гӯручӯб дар қавонини Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Дар задухӯрди рӯзи 4 январ дар рустои Руноби ноҳияи Рашт 8 ҷангӣ, бо шумули фармондеҳи чирикиҳо Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ кушта шуданд. Вале мақомот ин 8 ҷасадро ба Душанбе бурда, эълон карданд, ки ҳатто маҳалли дафни онҳоро ба пайвандонашон нахоҳанд гуфт.
Амалиёти вижа алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар ноҳияи Рашт аз моҳи сентябр ба ин сӯ идома дорад.
XS
SM
MD
LG