Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони узбакҳо масъули хунрезӣ номида шуданд


Куммиссиюни таҳқиқи ошӯбҳои хунини қавмии моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон имрӯз раҳбарони ҷамъияти узбакҳои маҳаллӣ ва пайвандони раисиҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиевро дар таҳрики ин даргириҳои байни узбакҳову қирғизҳо айбдор кард. Абдуқанӣ Эркабоев, раиси ин куммисиюн гуфт: “Нирӯҳои мухталиф, аз ҷумла раҳбарони узбакҳо мехостанд аз ин фурсати оҷизии мақомот истифода баранд ва дар пайи таъқиби манфиатҳои худ шуданд. Ин хашми мардуми қирғизро барангехт ва далели аслии посухи ҷониби қирғизҳо шуд.”
Эркабоев аз ҷумла Қодирҷон Ботиров, як раҳбари узбакҳои Ӯшро масъули ин ошӯбҳо ном бурд ва гуфт, Боқиевҳо низ аз ин ҳаводис ба хотири манофеъи сиёсӣ истифода бурданд. Ошӯбҳои қавмии моҳи июн байни узбакҳову қирғизҳо дар Ӯшу Ҷалолобод беш аз 400 кушта ва ҳудуди 2000 захмӣ ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG