Пайвандҳои дастрасӣ

Корпартоии устодони макотиби миёна дар Тонг


Устодони се мактаби ноҳияи Тонг дар шимоли Қирғизистон дирӯз корпартоии худ бо талаби афзоиши маошро аз сар гирифтанд. Лилия Сопиева, яке аз корпартоён ба Радиои Озодӣ гуфт, устодони макотиби дигари минтақа низ мехоҳанд ба онҳо бипайванданд. Ӯ афзуд, мақомот ба ваъдаи моҳи гузаштаи худ пурра амал накарданд ва онҳо маҷбур ба эътирози ҷадид шуданд. Дар моҳи декабр устодони макотиби миёна дар чандин вилояти Қирғизистон бо талаби маоши беҳтар даст ба эътисоб заданд. Бишкек дар посух ваъда дод, ки маоши устодонро аз 1 январ 30 дарсад боло мебарад. Вале ахиран иҷрои ин ваъда то 1 феврал ба таъхир гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG