Пайвандҳои дастрасӣ

3 кушта ва 13 захмӣ дар таркиши Гурҷистон


Вазорати дифоъи Гурҷистон гуфт, бар асари инфиҷор дар пойгоҳи низомие дар ҳошияи пойтахти ин кишвар, шаҳри Тифлис 3 сарбоз кушта ва 13 тани дигар захмӣ шуданд. Таркиш дар тамрингоҳи Крстанисӣ, ки дар он сарбозони гурҷии роҳии Афғонистон тамрин медиданд, рух додааст. Бино ба хабарҳо, сарбозони захмиро барои табобат ба Тифлису Руставӣ интиқол додаанд. Вазорати дифоъ таркишро амри тасодуф номид.
XS
SM
MD
LG