Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико ҳукми вакили эрониро маҳкум кард


Амрико ҳукми зиндони вакили мудофеъи саршиноси эронӣ Насрин Сутударо маҳкум кард. Сухангӯи вазорати хориҷа Филип Кровлӣ хостори раҳоии билофосилаи ин ҳомии ҳуқуқи башар шуд. Насрин Сутудаи 45-сола бо ҷурми иқдом алайҳи амнияти миллӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуда, додгоҳ ӯро барои 20 сол аз ҳаққи фаъолият ба ҳайси вакили мудофеъ низ маҳрум кард.
Ӯ узви Маркази мудофеъони ҳуқуқи башар буд, ки ба он барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодӣ раҳбарӣ мекунад.
Иттиҳомоти алайҳи Сутуда асосан бар пояи мусоҳибаҳое буд, ки ӯ баъд аз интихоботи пурбаҳси якуним сол пеши раёсатҷумҳурии Эрон ба матбуоти хориҷӣ додааст.
XS
SM
MD
LG