Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни танзим 3,63 миллион доллар сӯд овардааст


Шаҳрвандони Тоҷикистон соли гузашта аз ҳисоби мурооти шароити қонуни танзими расму оин 16 миллион сомонӣ, ё 3,63 миллион доллар иқтисод кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи раиси Кумитаи дини вобастаи ҳукумати Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов, дар соли 2010 дар кишвар беш аз 150 000 маъракаи мухталиф, бо шумули тӯю сӯр ва маъракаҳои азодорӣ, барпо шудааст, ки назар ба соли қаблӣ қариб 6 000 бештар аст.
Оқои Холиқов гуфт, мардум дар маҷмӯъ тайи соли гузашта барои маъракаҳои худ 400 миллион сомонӣ масраф кардаанд, ки муодили қариб 91 миллион доллари амрикоист.
Қонуни танзими расму оин соли 2007 қабул шуда, соли гузашта ба иллати нақзи шароити он 147 нафарро ба маблағи умумии 511 000 сомонӣ ҷарима бастаанд.
XS
SM
MD
LG