Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи иттилои Кумитаи заминсозии назди Ҳукумати Тоҷикистон, барои бунёди манозили истиқоматӣ дар тамоми қаламрави кишвар, зиёда аз 15 ҳазор гектар замин ҷудо шудааст.

Тақсими қитъаҳои замин аз сӯи коммиссиюни ноҳиявӣ ва ҷамоатҳо сурат мегирад, ки ба шеваи қуръапартоӣ анҷом мешавад. Ба таъкиди масъулони Кумитаи заминсозӣ, ин шева ба хотири ҷилавгирӣ аз фасод ва соҳиби замин шудани оилаҳои камбизоат ва он хонаводаҳое, ки се -чаҳор оила зери як бом зиндагӣ доранд, сурат мегирад. Бархе аз сокинон аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки фасодкорӣ дар тақсими замин ба мушоҳида мерасад ва онҳо маблағе надоранд, ки қитъаи заминро харидорӣ кунанд.

Тақсими замин ба ниёзмандон

Пас аз як ҳафтаи тасвиби қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон, тақсими қитъаи замин ба аҳолии ниёзманд дар як қатор ноҳияҳои ин кишвар шурӯъ шудааст. Зеро ахиран бо қарорҳои Ҳукумат, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ҳамадонӣ , Ёвон, Хуросон, Панҷ, Вахш, Ҷиргатол, Варзоб, Фархор ва муҳоҷирони ихтиёрии ноҳияи Рашт беш аз 1,500 гектар замин барои зиёда аз 10 ҳазор оила ҷудо гардид. Тахсиси қитъаҳои замин ба аҳолии ниёзманд тавассути ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо, ба хусус комиссиюнҳои вижае, ки созмон ёфтааст, сурат мегирад.

Ҳасан Каримов, масъули коммисиюни тақсими замин дар ноҳияи Фархор дар ин бора гуфт, «барои ноҳияи Фархор 766 гектар замин ҷудо шудааст ва дар таърихи 19 соли истиқлоли Тоҷикистон ин барои аввалин бор аст, ки мардуми ниёзманд соҳиби замин мешавад».

Ба гуфтаи Мастибек Қубодов, сардори раёсати баҳисобгири замини Кумитаи заминсозии ҳукумати Тоҷикистон, як вижагии аслии тақсими замин ба ниёзмандон ин аст, ки ин раванд бо шеваи қуръапартоӣ ба роҳ монда шудааст, «рӯйхатро комиссияи маҳаллӣ тартиб медиҳад ва қуръапартоӣ сурат мегирад, ки ба хотири шафофият ва одилонаи тақсими замин аст. Қуръапартоӣ имкон хоҳад дод, то аз фасодкорӣ дар иҷрои ин кор пешгирӣ шавад. Қитъаи замин рақамгузорӣ мешавад ва он эҳтиёҷмандоне, ки дар рӯйхат ҳастанд, бо гирифтани қуръа, соҳиби замин мешаванд».

Нигаронии сокинон...

Тибқи иттилои масъулони ҳукумати ноҳияи Фархор, танҳо дар ин ноҳия беш аз 10 ҳазор оила дар навбати дарёфти қитъаи замин ҳастанд ва ба бовари аксари сокинон, ҳамаи онҳо наметавонанд соҳиби замин шаванд. Он чӣ мардумро аз ҳад беш нигарон мекунад, имкони дастдарозии мақомоти фасодкор ба ин порчаҳост, ки ниёзмандон онро охирин умеди беҳбудии зиндагии худ медонанд. Шаҳрвандон шурӯъи қуръапартоиро бесаброна интизоранд ва тӯл кашидани раванди тақсими замин дар баъзе навоҳӣ, онҳоро ба вуҷуди адолат машкук мекунад.

Як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, «то ҳол тақсимот нашудааст, аммо гуфтаанд, ки 3 ҳазор медиҳед, баъд замин мегиред. Мо боварӣ надорем, ки соҳиби замин шавем. Ҳарчанд ариза додаем. Касоне, ки пул доранд, ҳамонҳо соҳиби замин хоҳанд шуд. Ҳатто аз деҳаҳои дигар».

Дар ҳар деҳаи Тоҷикистон аксари хонаҳодаҳо якчанд оила дар зери як боми аз замони шӯравӣ меросмонда ба сар мебаранд ва дар бисёр ҳолатҳо ба мушкилоти равониву муошират рӯ ба рӯ ҳастанд.

Бобои Самад, яке аз сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ дар ин бора мегӯяд, «дар ҳамин ҳавлии ман, ки 12 сотих аст, чор оилаи фарзандонам зиндагӣ доранд. Мушкил ва душвор аст, зиндагӣ кардани онҳо, кӯдаконашон бо ҳам ҷангу ҷидол мекунанд. Келинхо бо ҳам рост намегиранд. Чанд бор муроҷиат кардем, лекин натиҷа надод. Ҳайронем».

Дар тақсими замин қаблан фасод вуҷуд доштааст

Дар чанд соли аз худ кардани замин, борҳо дар гузоришҳои масъулони давлатӣ, ба хусус додситонӣ ва оҷонси мубориза бо фасод матраҳ шуда ва чандин тан аз мансабдорони сатҳи ҷамоат ва ноҳия ва корхонаҳо дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон аз сӯи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ боздошт ва ҳатто масъулони ҳукуматҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда шудаанд. Ба хусус ин мушкил, дар ноҳияҳои атрофи Душанбе, низ ба мушоҳида расид.

Боздошт ва маҳкум ба 10 соли зиндон шудани Ҳасан Азимов, раиси корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ аз ин қабил мисолҳост. Зеро вай даҳҳо гектар замини ин корхона ва атрофи онро бо таҳияи санадҳои тақаллубӣ барои сохтмони манзилӣ истиқоматӣ ба фурӯш гузошта буд. Ин буд, ки мақомоти давлатӣ нахуст хостанд то хонаҳои сохташуда дар ин мавзеъро тахриб кунанд, аммо баъдан дар пайи эътирозҳои мукаррари сокинон, ин қазия хомӯш гардид.

Бо таваҷҷӯҳ ба чунин вазъ, бархе аз коршиносон мегӯянд, ҳамакнун тақсими қитъаи замин ба аҳолии ниёзманд, ки тавассути ҳукуматҳои маҳалӣ ва ҷамотҳо амалӣ мешавад, навъе рӯпуш кардани он амалҳои ғайриқонунӣ хоҳад буд.

Абуносир Шарифзода, коршиноси тоҷик мегӯяд, «қаблан заминҳои зиёде аз сӯи ҳукуматҳои маҳал ва ҷамоатҳо ба ҳар роҳ аз худ карда шуданд ва ё ба афроди пулдор дода шуданд. Ҳамакнун тақсими қитъаи замин, ки ҳукумат барои ноҳияҳо ҷудо кардааст, фурсати хубест, барои рӯпӯш кардани он амалҳои сурат гирифта. Ба ин маънӣ, ки қисме аз замин ба аҳоли ниёзманд ва оилаҳои камбизоат дода мешавад, ба қисми дигар он заминҳои ҷудошуда ворид карда хоҳанд шуд».

Иқдоми сутуданӣ

Ин дар ҳолест, ки қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон низ дар заминаи тақсими қитъаи замин барои оилаҳои ниёзманд бо пешниҳоди худи мақомоти ҳукуматҳои ноҳияҳо сурат гирифтааст. Ҳарчанд соҳибназарон ба паёмадҳои шаффофу одилона тақсим шудани қитъаҳои замин барои оилаҳои ниёзманд бовари комил надоранд, аммо мегӯянд, дар ҳар сурат ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистон метавонад то андозае мушкили иҷтимоии мардумро ҳал кунад. Зеро ба гуфтаи ин соҳибназарон, дар чанд соли ахир ин мушкил ба мавзӯи доғ дар миёни ҷомеа табдил ёфта ва на танҳо баҳсҳои судиеро ба бор овардааст, балки ба муносибати миёни аҳли хонаводаҳо низ таъсири манфӣ гузоштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG