Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Селоб боиси харобиҳо ва қурбониёни бештар дар Австралия шуд


Дар қисмати шимолӣ-шарқии Австралия боронҳои шадид боиси резиши селобҳои бештар шудааст. Мақомоти расмии ин кишвар мегӯянд, баъд аз борони ахир ва ҷорӣ шудани селоб аз миёнаи чанд шаҳрак, дастикам, 8 нафар кушта шудаанд ва бештар аз 70 нафар бедараканд. Селоб мошинҳоро бо худ бурдааст ва хонаҳои зистро хароб кардааст. Аз ду ҳафта ба ин сӯ Австралия дар чанголи борон ва селобҳои шадид мондааст. Минтақаи офат аз қаламмрави ду кишвар, яъне аз қаламрави Омон ва Фаронса бузургтар аст.
XS
SM
MD
LG