Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Ассанҷ ба додгоҳи Лондон ҳозир мешавад


Интизор меравад, ки имрӯз Ҷулиан Ассанҷ-муассиси сомонаи WikiLeaks дар Лондон дар додгоҳ ҳозир шавад. Баъд аз раҳоӣ дар 16-ӯми декабр бо гаравпулӣ вай бори аввал дар додгоҳ зоҳир мешавад. Шветсия вайро барои таҷовузи ҷинсӣ муттаҳам медонад ва мехоҳад, ки вайро ба ин кишвар таслим кунанд. Ассанҷ ва ҷонибдорони ин марди 39 сола мегӯянд, ки вай бо чопи номаҳои электронии дипломатҳои амрикоӣ дар сомонаи интернетии худ ғазаби онҳоро барангехтааст. Ба эҳтимоли зиёд имрӯз дар додгоҳ ин масъаларо баррасӣ мекунанд, ки истирдоди Ассанҷ ба Шветсия чӣ тавр бояд сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG