Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари номзади зиндонӣ аз Аврупо кӯмак мехоҳад


Ева Ниакляева-духтари номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Беларус ба хотири ҷалби ҳимоят аз мухолифони давлати Беларус машғули боздид аз кишварҳои аврупоист. Падари вай Уладзимир Ниакляев 19-ӯми декабр баъд аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ бераҳмона мавриди лату кӯб қарор гирифта буд. Ева ба радиои Озодӣ гуфт, вай бо мақомоти ҳукуматии Литваву Полша-ду ҳамсояи Беларус ва бо вазирони ҷумҳурии Чех мулоқот кардааст. Ева гуфт:

"Ба мо гуфтанд, ки Полша қадамҳои ҷиддӣ хоҳад бардошт ва яке аз кишварҳое хоҳад буд, ки дар Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Беларус мавзеъгирии қотеъ хоҳад дошт".


Варшава ба нақша гирифтааст, ки моҳи оянда дар бораи роҳҳои кӯмак ба Беларус як конфронс баргузор мекунад.
XS
SM
MD
LG