Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден машғули боздид аз Афғонистон аст


Дирӯз Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико вориди Кобул шуд. Вай бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон музокира анҷом хоҳад дод. Ҷо Байден ҳамчунин имкони дар ихтиёри нируҳои афғонӣ гузоштани амнияти Афғонистонро баррасӣ мекунад. Интизор меравад, ки дар охири соли ҷорӣ тадриҷан дар ихтиёри афғонон гузоштани амният оғоз шавад. Ҳайати ҳамроҳони Байден гуфтаанд, ки вай бо генерал Дэвид Петреус-фармондеҳи нируҳои Амрико дар Афғонистон ва бо Карл Эйкенберрӣ-сафири Амрико дар Кобул мулоқот мекунад. Бори ахир Байден дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар соли 2009 аз ин кишвар боздид карда буд.
XS
SM
MD
LG