Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари собиқи ҷумҳурихоҳони Конгрес зиндонӣ мешавад


Қозии додгоҳи Техас Том ДеЛей -раҳбари собиқи аксарияти ҷумҳурихоҳон дар Конграи Амрикоро 5 сол маҳкум ба зиндон кард. Гуфта мешавад, ки вай дар соли 2002 тавассути гурӯҳе ба номзадҳои сиёсии Техас кӯмаки молӣ кардааст. Вай 190 000 доллар пулҳои ҷамъоваришударо ба Кумитаи миллии ҷумҳурихоҳон фиристодааст ва ин кумита пулҳои мазкурро ба 7 номзади худ тақсим кардааст. Том ДеЛей, ки замоне қавитарин сиёсатмадори ҷумҳурихоҳон ба шумор мерафт, ҳоло барои шустушӯи пул муттаҳам дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG