Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди обхезӣ ба манотиқи ғарбии Олмон


Дар Олмон бар асари гармшавии ҳаво ва обшавии барфҳо сатҳи об дар бархе аз рӯдхонаҳо боло рафт. Ба навиштаи хабаргузориҳои маҳаллӣ, вазъ ба вижа дар шаҳри Коблентс, воқеъ дар ғарби кишвар, ки он ҷо дарёи Мозел бо рӯдхонаи Рейн ҳамроҳ мешавад, хело душвор аст. Бархе аз мавзеъҳои шаҳр ва гирду атрофи он аллакай зери об мондаанд. Ба шаҳрҳои Бонн ва Кёлн ҳам хатари обхезӣ таҳдид мекунад.
Гуфта мешавад, ки бар асари обхезиҳо дар манотиқи ҷанубӣ ва марказии Олмон ду нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG