Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон хостори бознигарии қарордоди реадмиссия бо Русия шуда гуфтаанд, ки ҳукумати кишвар барои пӯшиши харҷи ихроҷи муҳоҷирини кории ғайриқонунии тоҷик аз қаламрави Русия ба Тоҷикистон омода нест.

Реадмиссия қарордодест, ки бар пояи он, ҳукумати Тоҷикистон муваззаф мешавад, харҷи сафари муҳоҷирони депортшударо бар душ бигирад. Тоҷикистон бояд ба ин санад дар соли равон имзо гузорад.

Аммо Анвар Бобоев, муовини аввали раиси Ожонси давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ҳангоми музокирот бо мақомоти муҳоҷирати Русия рушан шудааст, ки шароити реадмиссия ҳам аз лиҳози молӣ ва ҳам аз дидгоҳи ҳуқуқӣ барои Тоҷикистон мувофиқ нест.

Ӯ гуфт: «Тоҷикистон бо ҳеҷ кишвари ҷаҳон созишномаи реадсмиссия надорад. Азбаски ин масъала маблағгузории зиёдро талаб мекунад, Тоҷикистон барои иҷрои он омода нест. Аз ин рӯ мо бо гурӯҳи кории Русия машварат намуда, такроран ин масъаларо баррасӣ мекунем.»

Муҳоҷирон дар дуроҳаи бӯҳронӣ


Дар ҳоле, ки гурӯҳи кории хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистону Русия бар сари масъалаи реадмиссия меандешанд, аксари кулли муҳоҷирини кории Тоҷикистон дар дуроҳаи бӯҳронӣ қарор гирифтаанд.

Ба қавли Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ғайриҳукуматии «Преспектива плюс», кордеҳони ширкатҳои сохтмонии Русия хостори ин нестанд, ки муҳоҷирини корӣ бар асоси қонунҳои кишвари Русия фаъолият кунанд. Зеро дар ин сурат соҳибони ширкатҳо бояд ба давлат андоз аз даромади кори муҳоҷиронро пардозанд. То ҳол бахши умдаи муҳоҷирони тоҷик дар ширкатҳое фаъолият мекунанд, ки аз пардохти андоз ба давлат сарпечӣ карда, бо ин мавқеи муҳоҷирро заъиф ва онҳоро ба мушкили депортатсия рӯбарӯ мекунанд.


Муҳоҷирон – фишанги сиёсӣ барои Маскав?


Ба назари Ойниҳол Бобоназарова, Русия дар масъалаи сиёсати муҳоҷирати кории худ ба кишварҳои ҳамсуд бархурди яксон надорад.

Ӯ гуфт: «Ба фикри ман, ин масъала аз лиҳози иқтисодӣ барои Тоҷикистон мушкил буда ва ҳам ба масъалаи сиёсӣ рабт мегирад. Русия дар масъалаи муҳоҷирати корӣ ба Қирғизистон саҳлу осониҳо додааст. Сабти муҳоҷирати корӣ, ё даъват ба ҷои кор барои қирғизҳо дар муқоиса бо тоҷикҳо осонтар аст. Вақтҳои ахир ҳар масъалаеро, ки Русия дар бахши муҳоҷирати корӣ ба Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ба сиёсат рабт мегиранд.»

Тавре ба назар мерасад, Русия дар масъалаи шарту шароити ҳузури муҷоҳирони кории Тоҷикистон санадҳои тозаро зуд-зуд пешниҳод ва иҷрои бечуну чарои онро аз ҷониби Душанбе тақозо мекунад. Аммо ба қавли муовини аввали раиси Ожонси давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон Анвар Бобоев, се сол мешавад, ки Русия аз омода намудани тарҳи суғуртаи иҷтимоӣ барои муҳоҷирини кории Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар худдорӣ мекунад.

“Танзими муҳоҷирати корӣ саҳл нест”

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, шояд пас аз имзои созишномаи реадмиссия мақомоти Тоҷикистон масъалаи танзими будубоши ғайриқонунии шаҳрвандонро, ки ба Русия мераванд, ҷиддӣ бигиранд.

Аммо рӯзноманигори тоҷик Холиқназар Ҷумъаев, ки дар масъалаи муҳоҷирати корӣ таҳқиқоти журналистӣ бурдааст, мегӯяд, танзиму таҳти назорат қарор додани муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия кори саҳл нест. Зеро ба андешаи ӯ, аз Тоҷикистон ба Русия муҳоҷирати корӣ танҳо ва фақат дар чаҳорчӯби квота сурат намегирад.

Ба қавли ӯ, шумори муҳоҷирине, ки ғайриқоунунӣ дар Русия кор мекунанд, аз доираи квотаҳои ин кишвар бештар аст. Ҳоло ҷониби Тоҷикистон расман теъдоди муҳоҷиринро то 800 ҳазор нафар нишон медиҳад, вале созмонҳои байналмилалии масоили муҳоҷират теъдоди онҳоро ҳудуди 2 миллион нафар медонанд. Ҳато агар мақомоти Тоҷикистон тибқи қарордоди реадмисся кӯшиш кунанд, ки аз муҷоҳирати ғайриқонунӣ ҷилавгирӣ кунанд, тавон ва имкони амалӣ надоранд.

Ҳуқуқшиносони тоҷик мегӯянд, дар ҷараёни баррасии банду фаслҳои созишномаи реадмиссия бо Русия гурӯҳи кории Тоҷикистон ба масъалаи интиқоли тобутҳои мусофироне, ки дар қаламрави Русия, хусусан аз дасти скинхедҳо кушта мешаванд, таваҷҷӯҳ ва маблағгузории интиқоли ин тобутҳоро ба души мақомоти Русия вогузор кунанд. То ҳоли ҳозир ҳамасола тобути муҳоҷирони корие, ки аз дасти скинхедҳо кушта мешаванд, бо кумаки молии ҳукумати Тоҷикистон ва ё бо дастгирии наздикону дӯстони кушташудаҳо ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG