Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон 34 парвандаи Ҳизб-ут-таҳрир бозрасӣ шудааст


Соли гузашта додгоҳҳои Тоҷикистон 34 парвандаи ҷиноӣ дар баробари аъзои Ҳизб-ут-таҳрирро бозрасӣ карданд. Раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон Зафар Азизов дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҳамаи фаъолони ин ҳизби мамнӯъ бо иттиҳоми барангехтани низоъи қавмию мазҳабӣ ваё даъватҳо барои аз роҳи зурӣ аз байн бурдани низоми давлати Тоҷикистон ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкум ба зиндон шудаанд.
Соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 40 узви Ҳизб-ут-таҳрир боздошт шудаанд, ки беш аз нисфи онҳо муқими манотиқи шимоли кишваранд.
XS
SM
MD
LG