Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Попи Рум барои дифоъ аз насрониҳо


Попи Рум Бенедикти 16 аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳон даъват намуд, ки барои ҷилавгирӣ аз поймолшавии ҳуқуқ ва хушунат алайҳи мардуми насронӣ талоши бештар кунанд. Ба ин нукта ӯ дар мулоқот бо сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Вотикан зимни ташреҳи ҳамлаҳо ба насрониҳо дар Миср, Ироқ ва Нигерия таъкид кард. Попи Рум афзуд, ки ҳукуматҳо барои дифоъи аққалиятҳои мазҳабӣ дар ин ва дигар кишварҳо аз таҳдидҳои нав бояд чораҳои ҷиддӣ андешанд.
Бенедикти 16 ҳамчунин аз мақомоти Покистон хост, ки қонун дар бораи тавҳини исломро бознигарӣ кунанд. Ин қонун, аз нигоҳи ӯ, баъзан барои тарс додани мардуми ғайримусалмон истифода мешавад.
XS
SM
MD
LG