Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ мушкил шудааст


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, изҳор намуд, таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон барои барномаи ҳастаии Теҳрон мушкилоти ҷиддӣ эҷод кардаанд. Хонум Клинтон дар як сӯҳбати телевизионӣ зимни сафараш ба Аморати муттаҳидаи араб гуфт, ки Эрон бар асари ин таҳримҳо ба мушкилоти сангини фановарӣ мувоҷеҳ гаштааст ва раванди дастёбии Теҳрон ба силоҳи ҳастаӣ низ кунд шудааст. Ҳамзамон хонум Клинтон аз кишварҳои араб даъват кард, ки ба хотири эътидол дар минтақа алайҳи Эрон таҳримҳои худиро ҷорӣ намоянд.
Кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мехонанд ва аммо Теҳрон ин иттиҳомро рад мекунад.
Ҳилларӣ Клитон бо ташриф ба Абу Дабӣ сафари панҷрӯзааш ба кишварҳои Халиҷи Форсро шурӯъ кард, ки қарор аст дар ҷараёни он аз Уммон ва Қатар ҳам дидан кунад.
XS
SM
MD
LG