Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА ва Чин равобити наздиктари низомӣ барқарор мекунанд


ИМА ва Чин дар бораи зарурати равобити наздиктари низомӣ ба созиш расиданд. Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико, баъд аз музокирот бо ҳамтои чиноияш Лян Гуанле изҳор намуд, ки равобити наздиктар ба боло рафтани ҳамдигарфаҳмӣ ва эътидоли арзёбиҳои ҳамдигар мусоидат хоҳад кард. Ба гуфтаи раҳбари Пентагон, "ҳамкориҳои низомӣ - таҳкими амният дар баҳр, мубориза бо таҳдиди паҳнсозии фановариҳои ҳастаӣ, кайҳонӣ, кибернетикӣ ва мушакӣ, барқарории сулҳу амният дар нимҷазираи Корея аз роҳи музокироти миёни ду кишвари Корея ва аз силоҳи ҳастаӣ халос кардани нимҷазираи Кореяро дар назар дорад".
Вазири дифоъи Чин, дар навбати худ гуфт, ки кишвараш дар бахши фановариҳои низомӣ аз кишварҳои пешрафта даҳсолаҳо ақиб мондааст ва аз ин рӯ ба касе таҳдид намекунад.
Ҳафтаи оянда сафари раиси Ҷумҳурии халқии Чин Ҳу Зинтао ба Амрико тарҳрезӣ шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG