Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 10 толиб дар амалиёти НАТО дар Қундуз


Бар асари як амалиёти НАТО алайҳи ҷангиёни “Толибон” дар шимоли Афғонистон дасти кам 10 нафар, аз ҷумла, як фармондеҳи аршади ин ҷунбиш, кушта шудаанд. Абдулраҳмон Сайидхелӣ, раиси полиси вилояти Қундуз, дар бораи ҳалокати раҳбари толибон дар минтақаи Хонобод Мавлавӣ Зоҳир дар ин амалиёт хабар дод.
Ва аммо низомиёни НАТО ин хабарро ҳанӯз тайид накардаанд.
Дар ин миён, дар бораи ҳалокати се корманди полис бар асари таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дар мавзеъи Спин-Болдак, воқеъ дар вилояти ҷанубии Қандаҳор, хабар расид.
XS
SM
MD
LG