Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди қурбониёни суқути "Боинг" дар Эрон


Теъдоди қурбониёни суқути ҳавопаймо дар шимолу ғарби Эрон ба 77 нафар расид. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин ҳодиса 26 нафар маҷрӯҳ шудаанд ва як нафар беному нишон ғайб задааст.
Ба иттилоъи расмӣ, дар ҳавопаймои Боинг-727-и ширкати Iran Air 106 мусофиру сарнишин ҳузур доштанд. Ҳавопаймо шоми рӯзи якшанбе аз Теҳрон ба шаҳри Урмия, воқеъ дар шимолу ғарби Эрон, парвоз мекард. Бо сабабҳои ҳанӯз номаълум ҳавопаймо ҳангоми фуруди изтирорӣ ба замин бархӯрд ва пора-пора шуд.
XS
SM
MD
LG