Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Насрин Сутуда ба 11 соли маҳбас маҳкум шуд


Додгоҳи Эрон вакили дифоъи маъруф Насрин Сутударо, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар ва фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандиро дифоъ мекард, ба 11 соли зиндон маҳкум намуд. Ӯ дар фаъолиятҳои мухолифи амнияти миллӣ ва тарғиботи зиддиҳукуматӣ муттаҳам шудааст. Яке аз сабабҳои муҷозоти Насрин Сутуда –узвияти ӯ дар Маркази ҳомиёни ҳуқуқи башар аст, ки аз сӯи Ширин Ибодӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, таъсис шудааст. Ҳамчунин ба хонум Сутуда тайи 20 соли оянда барои фаъолияти адвокатӣ иҷоза дода намешавад.
Насрин Сутуда моҳи сентябри соли гузашта баъд аз як силсила сӯҳбатҳояш бо расонаҳои хориҷӣ дар мавриди дифоъ аз афроди бар асари саркӯбии ҳамоишҳои оммавии тобистони соли 2009 боздоштшуда дастгир шуда буд.
XS
SM
MD
LG