Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии «Истиқлол» дар бозии аввали санҷишӣ дар Қазон


Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми Иттиҳод-2011 дар шаҳри Қазони Тотористон бар тими ҷавонони «Рубин» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ин бозии санҷишӣ дар майдони сунъии толори Варзишгоҳи марказӣ бо бартарии комили футболбозони тоҷик сурат гирифт. Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари «Истиқлол», дар дақиқаи 26-уми нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард. Голи дуввумро Манучеҳр Ҷалилов, собиқ бозигари дастаи «Локомотив-2»-и Маскав, дар дақиқаи 63-юми бозӣ ба самар расонд.

Ҳайати дастаи «Истиқлол» дар ин бозӣ чунин буд: Алишер Тӯйчиев (Фарҳод Юлдошев, 46), Умед Ҳабибуллоев (Сергей Абрамов, 46), Соҳиб Сувонқулов (Одил Эргашев, 55, Абдураҳим Холов, 70), Даврон Эргашев (Акмал Сабуров, 46), Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Манучеҳр Ҷалилов, 60), Маҳмадалӣ Содиқов (Иброҳим Рабимов, 46), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев (Дилшод Восиев, 46), Юсуф Рабиев, Фарҳод Тоҳиров (Комил Саидов, 46).

Олимҷон Рафиков, сармураббии дастаи «Истиқлол», ба радиои Озодӣ гуфт: «Ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар шаҳри Қазон то 13-уми январ идома хоҳад кард. Мо боз ду бозии санҷишӣ бо ҳайати эҳтиётӣ ва дастаи «Рубин-2» анҷом медиҳем. 14-уми январ аз Қазон ба шаҳри Санкт-Петербург сафар мекунем. Дар ин ҷо 15-уми январ мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик шурӯъ мешавад. «Истиқлол» дар гурӯҳи «А» бо «Интер» (Боку, Озарбойҷон), «Искра-Стал» (Рибнитса, Молдова), ва «Нефтчӣ» (Қӯчқор-Ота, Қирғизистон) рақобат хоҳад кард. Нахустин бозии «Истиқлол» 15-уми январ бо тими «Искра-Стал» баргузор хоҳад шуд».

Ҳайати се гурӯҳи дигар чунин аст:

Гурӯҳи «B»: «Тобол» (Қӯстанай, Қазоқистон), «Сконто» (Рига, Латвия), «Мика» (Ереван, Арманистон), «Бунёдкор» (Тошканд, Узбакистон).

Гурӯҳи «С»: «Зенит» (Санкт-Петербург, Русия), «Небитчӣ» (Балканобод, Туркманистон), «Шахтёр» (Солигорск, Беларус), «Флора» (Таллинн, Эстония).

Гурӯҳи «D»: «Динамо» (Киев, Укроин), ХИК (Хелсинки, Финляндия), «Экранас» (Паневежис, Литва), мунтахаби ҷавонони Русия.

Бозиҳо дар ду иншоот - СКК «Петербургский» и ДСИ «Зенит» барпо мегарданд.

Тақвими бозиҳо:

15-уми январ (шанбе)

1. «Интер» (Озарбойҷон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон).
2. «Искра-Стал» (Молдова) – «Истиқлол» (Тоҷикистон).
3. «Тобол» (Қазоқистон) – «Бунёдкор» (Узбакистон).
4. «Небитчӣ» (Туркманистон) – «Шахтёр» (Беларус).
5. «Динамо» К (Укроин) – ХИК (Финляндия).
6. Мунтахаби ҷавонони Русия – «Экранас» (Литва).
7. «Зенит» (Русия) – «Флора» (Эстония).
8. «Сконто» (Латвия) – «Мика» (Арманистон).

16-уми январ (якшанбе)

9. «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Интер» (Озарбойҷон).
10. «Нефтчӣ» (Қирғизистон) - «Искра-Стал» (Молдова).
11. «Мика» (Арманистон) - «Тобол» (Қазоқистон).
12. «Бунёдкор» (Узбакистон) – «Сконто» (Латвия).
13. «Экранас» (Литва) - «Динамо» К (Укроин).
14. «Флора» (Эстония) – «Небитчӣ» (Туркманистон).
15. ХИК (Финляндия) – мунтахаби ҷавонони Русия.
16. «Шахтёр» (Беларус) – «Зенит» (Русия).

18-уми январ (сешанбе)

17. «Интер» (Озарбойҷон) – «Искра-Стал» (Молдова).
18. «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Нефтчӣ» (Қирғизистон).
19. «Тобол» (Қазоқистон) – «Сконто» (Латвия).
20. «Мика» (Арманистон) - «Бунёдкор» (Узбакистон).
21. ХИК (Финляндия) - «Экранас» (Литва).
22. «Шахтёр» (Беларус) - «Флора» (Эстония).
23. Мунтахаби ҷавонони Русия – «Динамо» К (Укроин).
24. «Зенит» (Русия) – «Небитчӣ» (Туркманистон)

19-уми январ (чоршанбе)

¼ финал

25. А1 – В2.
26. Д1 - С2.
27. В1 – А2.
28. Д1 – С2.

21-уми январ (ҷумъа)

½ финал

29. Ғолиби бозии 25 – ғолиби бозии 26.
30. Ғолиби бозии 27 – ғолиби бозии 28.

23-юми январ (якшанбе)

Финал

31. Ғолиби бозии 29 – ғолиби бозии 30.
XS
SM
MD
LG