Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабари нопадид шудани ҷасадҳои аъзои гурӯҳи мусаллаҳи Алии Бедакӣ (Аловиддин Далатов) аз мурдахонаи бемористони Ғармро рад кард. Мақомоти ин вазорат мегӯянд, ҷасадҳои ин афрод ба соҳибонашон дода намешаванд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҷасадҳо ба соҳибонашон дода намешаванд ва маҳалли дафни онҳо низ эълом намешавад".



Субҳи имрӯз сокинони ноҳияи Рашт ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ҷасадҳои аъзои гурӯҳи мусаллаҳи Алии Бедакӣ (Аловиддин Далатов) ва аз ҷумла ҷасади худи ӯ аз мурдахонаи бемористони марказии шаҳраки Ғарм нопадид шудаанд. Ин ҳашт нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи мухолифи давлат дар як амалиёти нерӯҳои давлатӣ рӯзи 4-уми январ кушта шудаанд.

Олим Одилов, аз фармондеҳони собиқи мухолифин, ки акнун дар таъқиби гурӯҳҳои мусаллаҳ бо нерӯҳои давлатӣ ҳамкорӣ дорад, гуфт, ҳашт ҷасади аъзои гурӯҳи Алии Бедакӣ шаби 5 -ум ба 6-уми январ аз сардхонаи бемористони Ғарм нопадид шудаанд.



Ӯ мегӯяд, ки хешовандони афроди кушташуда то шоми 6- уми январ дар атрофи бемористони Ғарм дар интизори таҳвил гирифтани аҷсоди наздикони худ буданд, аммо табибони ба онҳо гуфтаанд, ки ин аҷсод ба самти номаълуме бурда шудаанд. Ва табибони бемористони Ғарм ҳаққи дастрасӣ ба ин аҷсодро надоштаанд.

Олим Одилов аз фармондеҳони собиқи мухолифин мегӯяд, ки ба қавле ин ҷасадҳо барои шиносоӣ ва ташхиси бештар ба Душанбе интиқол шудаанд.

Аммо масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин маврид умдатан изҳори беиттилоӣ мекунанд. Ва ё бархе аз онҳо мегӯянд, ин аҷсод гум нашудаанд ва мавриди шиносоӣ қарор доранд.

Гуфта мешавад, ки дар миёни аҷсоди нопадидшуда, ҳамчунин ҷасади худи Алии Бедакӣ, фармондеҳи ин гурӯҳ низ ҳаст, ки дар дар амалиёти рӯзи 4 -уми январ кушта шуда буд.

Амалиёт алайҳи гурӯҳи Алии Бедакӣ

Амалиёт алайҳи Алии Бедакӣ ва гурӯҳи ӯ баъд аз ҳамлаи рӯзи 19 -уми сентябр ба корвони вазорати дифоъ дар дараи Камароб оғоз шуда ва то кунан ҳамчунон идома дошт. Бар асри ин ҳамла ба корвони вазорати дифоъ, 25 нафар сарбоз ва афсари нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кушта шуданд. Мақомот гурӯҳи Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоро масъули ин ҳамла унвон карда буд.

Баъди ин ҳодиса, ба манзили маскунии Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони аршади мухолифини собиқ низ ҳамла шуда ва ӯ низ дар паноҳ додан ба аъзои гурӯҳи
Мулло Абдулло ва ҳамдастӣ ба ҳамла болои нерӯҳои вазорати дифоъ муттаҳам шуд.

Аммо баъдтар зимни музокира бо нерӯҳои давлатӣ, Аҳмадов ба нерӯҳои ҳукумат пайваст ва таъқиби ӯ феълан қатъ шудааст. Аҳмадов ва ҷонибдоронаш акнун дар таъқиби аъзои гурӯҳи Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ бо мақомот ҳамкорӣ дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG