Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоии бузург дар Карочии Покистон


Дирӯз даҳҳо ҳазор нафар дар Карочӣ-бузургтарин шаҳри Покистон раҳпаймоӣ анҷом доданд ва бар зидди ворид овардани ҳар гуна тағирот дар қонунҳои зидди куфр изҳори назар карданд. Дар ин раҳпаймоӣ бештар аз 50 000 нафар ширкат доштанд ва ширкаткунандагон аз қонуне ҳимоят карданд, ки барои тавҳини ислом ҳукми эъдомро пешбинӣ мекунад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи сешанбе Салмон Тосир-волии аёлати Панҷоб ба дасти Мумтоз Қадрӣ-посбони худ кушта шуд. Мумтоз дар додгоҳ гуфт, ки волии вилоят кофир будааст. Гурӯҳҳои исломӣ аз ин суханони Мумтоз-қотили волӣ ҳимоят карданд.
XS
SM
MD
LG