Пайвандҳои дастрасӣ

Хонум Клинтон аз Исроил интиқод кард


Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико аз Исроил барои тахриби меҳмонсарои собиқе дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ интиқод кард. Исроил бо ин кор хостааст, ба сӯи хонаҳои нави яҳудиён роҳ боз кунад. Хонум Клинтон гуфтааст, тахриби меҳмонсарои Шеферд ё Чӯпон нигаронкунанда аст ва метавонад талошҳои сулҳро ба хатар мувоҷеҳ созад. Фаластиниён умед доранд, ки Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар оянда пойтахти кишвари мустақили онҳо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG