Пайвандҳои дастрасӣ

Қоитили 6 нафар бо 5 модда ба муҷозот кашида мешавад


Марди машкуке, ки дар аёлати Аризонаи Амрико 6 нафарро ҳадафи тир қарор дод ва хонум Габриел Гиффордз-узви Конгресси Амрикоро сахт захмӣ кард, муттаҳам эълон шуд. Ҷеред Ли Лафнер тибқи 5 моддаи ҷиноӣ ба муҷозот кашида мешавад. Намояндаи Конгресси Амрико аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ рӯзи шанбе ҳангоми мулоқот бо аҳолии маҳал дар Тусон аз масофаи наздик ба сараш тир хӯрд. Дар ин тирандозӣ 6 нафар, аз ҷумла як духтарчаи 9-сола, кушта шуд. 13 нафар ҷароҳат бардоштанд. Габриелл Гилфордз ҳоло таҳти муолиҷа қарор дорад ва баъд аз амалиёт ба баъзе ҳарфҳо бо ҳаракате ҷавоб медиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG