Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 рақиби Кличко дар соли 2011 маълум шуд


Владимир Кличко-қаҳрамони ҷаҳон дар муштзанӣ дар навъҳои WBC, IBF ва WBO дар бораи баргузории ду мусобиқа дар соли ҷорӣ ба тавофуқ расидааст. Мусобиқаи аввал 30-юми апрел бо Дерек Чисори бритонёӣ дар шаҳри олмонии Мангейм баргузор мешавад. Дар мусобиқаи дуввум Кличко бо Томаш Адамек муштзанӣ хоҳад кард. Интизор мерафт, ки як ҷанги дигар дар навъи WBA миёни Кличко ва Девид Ҳей-қаҳрамони ҷаҳон аз Британия баргузор мешавад. Вале ҷонибҳо то ҳол натавонистаанд, дар бораи ин мусобиқа ба тавофуқ бирасанд. Ба ин сабаб Девид Ҳей бо Руслан Чагаев аз Узбакистон ба рақобат хоҳад пардохт.
XS
SM
MD
LG