Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Маскав 6 мухолиф барои раҳпаймоӣ боздошт шуданд


Бино ба хабари радиои Эхо Москвы, дирӯз пулиси Маскав 6 нафарро барои ширкат дар як раҳпаймоӣ ба ҷонибдорӣ аз раҳбарони зиндонии мухолифони давлат боздошт кард. Сергей Удалцов-раиси Ҷабҳаи Чап мегӯяд, 12 нафар боздошт шудаанд. Борис Немтсов-муовини пешини нахуствазир барои муқовемат бо пулис дар ҷараёни як раҳпаймоӣ дар остонаи Соли Нави милодӣ 2-юми январ барои ду ҳафта маҳкум ба зиндон шуд. Се раҳбари дигари мухолифон аз 5 то 10 рӯзӣ зиндонӣ шудаанд. Рӯзи панҷшанбе тақрибан 20 нафар барои эътироз дар назди зиндон боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG