Пайвандҳои дастрасӣ

Судони Ҷанубӣ барои истиқлол рай дод


Дар Судони Ҷануби шумораи зиёди аҳолӣ дар райдиҳӣ барои касби истиқлол аз Судони Шимолӣ дар райпурсӣ ширкат ҷустанд. Ин райпурсӣ дар Судон-бузургтарин кишвари Африқои ҷанубӣ як ҳафта давом кард. Интизор меравад, ки Судон баъд аз ин райпурсӣ ба ду кишвар тақсим шавад. Салва Киир-раиси ҷумҳури Судони Ҷанубӣ ҳангоме, ки райи худро ба сандуқ меандохт, ин райпурсиро "лаҳзаи таърихӣ" арзёбӣ кард. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мардуми Судони Ҷанубиро барои оғози райдиҳии ором табрик кард, райдиҳие, ки метавонад роҳро барои истиқлоли Судони Ҷанубӣ ҳамвор созад. Вай гуфт, Амрико баъд аз райпурсӣ тааҳуддоти худро дар бораи кӯмак ба кишвари нави Африқо иҷро хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG