Пайвандҳои дастрасӣ

Фидел Кастро ҳамла ба вакили амрикоиро маҳкум кард


Фидел Кастро, раҳбари Куба, имрӯз ҳамлаи мусаллаҳона ба Габриелла Гиффордс, намояндаи мардумии Амрико дар конгрессро маҳкум кард. Хонум Гиффордс вакили Ҳизби Демократи Амрико ҳангоми дидор бо мардум дар аёлати Аризона ҳадафи ҳамлаи фарди мусаллаҳе қарор гирифта ва сахт маҷрӯҳ шуд. Дар тирандозӣ дар маҷмӯъ шаш нафар аз ҷумла як духтари нӯҳсола ва як додраси федеролии Амрико кушта ва 13 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Фидел Кастро тирандозиро бераҳмона хонда ва гуфтааст, бо вуҷуди ихтилофоти назараш бо ҳукумати Обама ҳеҷ як кӯдак, додрас, вакил ва шаҳрванди Амрико набояд аз ин роҳи бемаънӣ ва тавҷеҳнопазир нобуд шаванд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ин ҳодисаро, фоҷиаи миллӣ хонд. Пулис фарди муттаҳам ба тирандозиро боздошт карда ва дар ҷустӯҷуи як шарики ӯ будааст.
XS
SM
MD
LG